Размер шрифта:
БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИИ ЧТ с. 2018-2019
Play

БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИИ ЧТ с. 2018-2019

Тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 23 августи соли 2016, №366 “Дар бораи дурнамои нишондихандахои асосии макроиктисодии Чумхурии Точикистон барои солхои 2017 – 2019” шумораи ахолии доимии Точикистон дар соли 2018 ба 9 миллиону 37,3 хазор нафар ва дар соли 2019 бошад, ба 9 миллиону 245,0 хазор нафар мерасад.

  1. Мутаносибан ба ин шумораи захирахои мехнати дар Чумхурии Точикистон соли 2018 ба 5 миллиону 395,2 хазор нафар ва дар соли 2019 то ба 5 миллиону 519,2 хазор нафар меафзояд. Дар мукоиса бо соли 2016 дар давоми ду соли оянда аз хисоби афзоиши табиии ахоли шумораи захирахои мехнатии Точикистон 5,6 фоиз зиёд мешавад.
  2. Бо дар назар доштани афзоиши табиии ахоли ва захирахои мехнати дар солхои 2018 – 2019, афзоиши шумораи куввахои кори (ахолии аз чихати иктисоди фаъол) низ ба амал меояд. Дар солхои 2018 – 2019 шумораи куввахои кори дар Точикистон мутаносибан то 2 миллиону 584,7 ва 2 миллиону 644,0 хазор нафар мерасад. Дар мукоиса бо соли 2016 афзоиши куввахои кори дар ин солхо 8,4 фоизро ташкил медихад.
  3. Шумораи ахолии машгули кор бошад, дар ин давра 97,6 фоизро аз шумораи куввахои кори ташкил намуда, соли 2018 ба 2 миллиону 522,7 хазор нафар ва соли 2019 ба 2 миллиону 580,5 хазор нафар мерасад.
  4. Дар ду соли оянда шумораи ахолии машгули кор нисбат ба соли 2016 8,2 фоиз меафзояд. Дурнамои тамоюли тагйрёбии шумораи ахоли, захирахои мехнати, куввахои кори ва ахолии машгули кор дар чадвали 1 оварда шудааст.

Таносуби шумораи ахоли, захирахои мехнати, куввахои кори ва ахолии машгули кор барои солхои 2016 – 2019 (хаз. нафар)

Нишондихандахо 2016 2017 2018 2019 Ахолии машгули кор 2384,2 2491,5 2522,7 2580,5 Кувваи кори 2438,3 2552,8 2584,7 2644,0 Захирахои мехнати 5224,3 5238,7 5395,2 5519,2 Шумораи ахоли 8742,8 8925,8 9037,3 9245,0

  1. Афзоиши шумораи ахолии доими, захирахои мехнати, куввахои кори ва ахолии машгули кор барои бехтар гардидани вазъи ичтимоию иктисодии кишвар заминаи мусоид фарохам меорад.
  2. Яке аз нишондихандахои асосии рушд ин афзоиши мачмуи махсулоти дохили мебошад. Тамоюли афзоиши ин нишондиханда дар солхои 2012 -2016 нишон медихад, ки дар Точикистон хачми мачмуи махсулоти дохили бо нарххои мукоисашаванда дар ин давра аз 36,1 миллиард сомони дар соли 2012 то ба 54,5 миллиард сомони дар соли 2016 ё ба андозаи 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
  3. Тибки дурнамои нишондихандахои асосии макроиктисодии Чумхурии Точикистон барои солхои 2017 – 2019 (карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 23 августи соли 2016, №366) дар назар аст, ки дар соли 2017 хачми мачмуи махсулоти дохили 58,9 миллиард сомони, соли 2018 65,7 миллиард сомони ва дар соли 2019 ба 73,5 миллиард сомони мерасад. Дар мукоиса бо соли 2016 дар ду соли оянда хачми мачмуи махсулоти дохили дар Точикистон 1,3 маротиба меафзояд (чадвали 1).

Чадвали 2. Тамоюли афзоиши хачми мачмуи махсулоти дохили дар Чумхурии Точикистон дар солхои 2014 – 2019

  1. Вобаста ба ин пешбини мешавад, ки таксимоти мачмуи махсулоти дохили ба хар сари ахоли дар соли 2017 6661,9 сомони, дар соли 2018 7276,0 сомони ва дар соли 2019 то ба 7945,3 сомони афзоиш меёбад.
  2. Дар навбати худ бо афзоиш ёфтани хачми мачмуи махсулоти дохили ва таксимоти он ба хар сари ахоли даромадхои пулии ахоли ва харочоту пасандозхои ахоли низ мутаносибан афзоиш меёбанд, ки ба баланд гардидани сатхи зиндагии ахоли мусоидат хохад кард.
  3. Тахлили муфассали сохтори сохавии мачмуи махсулоти дохили дар Точикистон аз он гувохи медихад, ки дар он сахми сохаи кишоварзи, хочагии чангал ва мохипарвари 20,7 фоиз, саноат 15,1 фоиз, сохтмон 11,2 фоиз, наклиёт ва алока 11,5 фоиз, савдои яклухт ва чакана 14 фоиз ва дигар сохахо 27,5 фоизро ташкил медиханд (маълумот барои соли 2016). Алхол дар ташаккули хачми мачмуи махсулоти дохили танхо сахми сохаи кишоварзи назаррас мебошад.
  4. Аз ин хотир, дар паёми Президенти Чумхурии Точикистон “Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхури” аз 22 декабри соли 2016 таъкид гардид, ки дар 15 соли оянда сахми саноат дар мачмуи махсулоти дохили ба таври назаррас бояд афзоиш ёбад ва Точикистон ба кишвари индустриаливу аграри табдил дода шавад.
  5. То соли 2030 таксимоти мачмуи махсулоти дохили бояд ба хар сари ахоли то 3 баробар афзоиш ёбад, сатхи камбизоатии ахоли 2 баробар кохиш дода шавад ва хиссаи ахолии дорои даромади миёна аз 22 то 50 фоиз афзояд.
  6. Барои расидан ба ин хадафхо мухим аст, ки афзалиятхои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Точикистон то соли 2020 ва амалисозии босамари барномахои давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон, ки чузъи чудонопазир ва фаъоли стратегияхои болозикр ба хисоб мераванд, таъмин карда шаванд.
  1. ВАЗЪИ БОЗОРИ МЕХНАТ ВА ШУГЛИ АХОЛИ
  1. Мувофики маълумоти омори шумораи кувваи кори дар мохи июни соли 2017 2301,4 хазор нафарро ташкил дод, ки аз ин теъдод 2247,4 хазор нафар (97,7 фоиз) дар сохахои иктисодиёт машгул буда, 54,0 хазор нафар расман макоми бекори гирифтаанд, ки 2,3 фоизи шумораи кувваи кориро ташкил медихад.
  2. Аз шумораи умумии ахолии машгули кор шахсони дар руйхатбудаи кироякор дар корхонахои хамаи шакли моликият дар мохи июни соли 2017 1099,0 хазор нафар ё 48,9 фоизи шумораи умумии ахолии машгули корро ташкил дод.
  3. Дар бахши вокеии иктисодии кишвар шумораи кормандони кироя дар мохи июни соли 2017 нисбат ба хамин давраи соли 2016 2,2 фоиз кам шуда, 596,1 хазор нафарро ташкил намуд. Дар бахши хизматрасонии фаъолияти иктисоди бошад, шумораи кормандони кироя дар давраи баррасишаванда 2,4 фоиз афзуда, 502,9 хазор нафарро ташкил дод. Хамин тавр, дар шаш мохи соли 2017 54,2 фоизи кироякорон дар бахши вокеии фаъолияти иктисоди ва 45,8 фоиз дар бахши хизматрасонии фаъолияти иктисоди ба кайд гирифта шуданд.
  4. Тавре маълум аст дар ташкилоту муассисахои чумхури гайр аз кормандони расми (штати) кувваи кори дар шароити ду (якчанд) чой коркунанда ва дар асоси шартномахои хусусияти гражданию хукукидошта низ истифода бурда мешавад.
  5. Дар мохи июни соли 2017 дар ин шароит 49,2 хазор нафар шахрвандон машгули кор буданд, ки ин нишондиханда ба 4,5 фоизи шумораи чойхои ишголшудаи кори рост меояд.
  6. Шумораи кормандони дар шароити ду (якчанд) чой коркунанда ва бо шартномаи хусусияти гражданию хукукидошта коркунанда дар бахши вокеии фаъолияти иктисоди 10847 нафар ва дар бахши хизматрасони 38309 нафарро ташкил намуд.
  7. Дар кайди макомоти мехнат ва шугли ахоли охири мохи июни соли 2017 85,1 хазор нафар корчуён, бо назардошти корчуёни соли 2016, мавчуд буд, ки ин нишондиханда нисбат ба хамин давраи соли гузашта 1,8 фоиз зиёд мебошад.
  8. Дар мохи июни соли 2017 барои таъмин шудан бо чойи кор 8,8 хазор нафар шахрвандон мурочиат намуданд, ки аз ин теъдод 7,4 хазор нафар бо чойи кор таъмин карда шуданд, ки ин нишондиханда дар мукоиса ба хамин давраи соли гузашта 13,4 фоиз зиёд мебошад.
  9. Ба макомоти мехнат ва шугли ахоли дар охири мохи июни соли 2017 аз чониби ташкилоту муассиса ва корхонахо 9,8 хазор чойхои кории холи пешниход шуд, ки аз ин теъдод 4,1 хазор чойхои кори (41,8 фоиз аз шумораи умумии чойхои кори холии пешниходшуда) ба касбхои коргари рост меояд. Талабот ба хар як чойи кории холии пешниходшуда 8,7 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиханда дар мукоиса ба хамин давраи соли 2016 (8,5 нафар буд) 0,2 нафар зиёд шудааст.
  10. Дар макомоти мехнат ва шугли ахоли то охири мохи июни соли 2017 45,6 хазор нафар бекорон расман ба кайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 21,6 хазор нафар занон (47,3 фоиз) мебошанд.
  11. Сатхи бекории расман бакайдгирифташуда 2,3 фоизро аз шумораи куввахои кори ташкил намуд.
  12. Бо назардошти вазъи вокеи дар бозори мехнат ва эхтимолияти ногузири таъсири бухрони молиявию иктисодии чахони ба иктисодиёти Точикистон, танзими масъалаи муносибатхои мехнати ва шугли ахоли накши аввалиндарачаро касб менамояд ва хеле мухим аст, ки таксимоти ахолии кобили мехнат дар сохахои иктисодиёти кишвар максаднок амали карда шавад.
  13. Дар солхои 2018 – 2019 афзоиши шумораи ахоли хар сол тибки пешгуихо 2,0 – 2,3 фоизро ташкил намуда, дар соли 2019 то 9245,0 хазор нафар меафзояд, ки ба ташаккули бозори мехнат таъсири бевосита дорад. Мувофики пешгуихо шумораи ахоли дар соли 2019 нисбат ба соли 2016 502,8 хазор нафар зиёд мешавад ва дар ин холат шумораи захирахои мехнати 293,9 хазор нафар ва куввахои кори 184,0 хазор нафар меафзояд.
  14. Дар солхои 2018 – 2019 пешбини мегардад, ки ба бозори мехнат аз хисоби хатмкунандагони муассисахои тахсилоти оли 65,0 хазор нафар, муассисахои тахсилоти миёнаи касби 25,0 хазор нафар, муассисахои тахсилоти ибтидоии касби 32,5 хазор нафар, муассисахои тахсилоти миёнаи умуми 253,8 хазор нафар, хатмкунандагон бо тахсилоти миёнаи нопурра 261,5 хазор нафар, хизматчиёни харбии аз сафи Куввахои Мусаллах озодшуда 32,0 хазор нафар, кормандони аз корхонахо ихтисоргардида 26,0 хазор нафар, шахсони аз махбас озодшуда 2,5 хазор нафар ворид мегарданд. Теъдоди ахолии аз чихати иктисоди гайрифаъол дар ин давра 2875,2 хазор нафарро ташкил медихад, ки ин шумора ба 52,1 фоизи захирахои мехнати дар соли 2019 рост меояд.
  15. Солхои 2018 – 2019 мувофики Барномаи мазкур 532,6 хазор нафар шахрвандон ба намудхои гуногуни шугл фаро гирифта мешаванд. Тавассути мусоидати бевоситаи макомоти мехнат ва шугли ахоли 205,8 хазор нафар шахрвандон ба шугл фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 79,6 хазор нафар дар корхонаю ташкилотхо бо кор таъмин мегарданд, аз чумла 66,5 хазор нафар аз хисоби чойхои кории холи, 33,2 хазор нафар ба тайёрии касби ва бозомузи, 11,0 хазор нафар ба корхои муздноки чамъияти чалб мешаванд. Хамзамон, ба 6,9 хазор нафар шахрвандон карзхои имтиёзнок барои ташкили сохибкории инфироди ва ба 12,6 хазор нафар кумакпулихо барои бекори таъин ва пардохт карда мешавад. Малакахои касбии 8,0 хазор нафар шахрвандон бо шаходатнома тасдик карда мешаванд. Тамоюли тагйирёбии нишондихандахои шугли ахоли ва бозори мехнат дар замимаи 1 оварда шудааст.
  1. ВАЗИФАХОИ АСОСИ ВА САМТХОИ АФЗОЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИ ДАР СОЛХОИ 2018 – 2019
  1. Барномаи мазкур хамчун чузъи чудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Чумхурии Точикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ба сифати барномаи ичтимои ва зиддибухрони амали мегардад.
  2. Мувофики Барномаи мазкур тайи солхои 2018 – 2019 чунин вазифахои асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шугли ахоли муайян карда мешаванд:

– дастгирии сохибкории хурду миёна барои таъсис додани шугли пурсамар дар сохахои иктисодию ичтимои, бо назардошти дастраси ва имкониятхо барои чавонон ва занон;

– тахия ва амали намудани мачмуи тадбирхо барои хавасмандгардони ва фарохам овардани имконият ба шугли пурсамар барои табакахои осебпазири ахоли;

– чори намудани механизми хамкории давлати ва бахши хусуси ва принсипхои максадноки маблаггузории барномахои минтакавии шугли ахоли;

– ташаккул додани низоми миллии мусоидат ба рушди самаранокии мехнат;

– тахияи барнома ва механизмхои арзёбии салохиятнокии мутахассисон дар сохахои иктисодиёти Точикистон;

– андешидани тадбирхо чихати дар амали намудани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тахсилоти калонсолон”;

– тахия ва андешидани тадбирхо чихати мутобиксозии фаъолияти мухочирони мехнатии ба Ватан баргашта ба бозори мехнати чумхури, ки вурудашон ба давлатхои кабулкунандаи мухочирони мехнати манъ шудааст;

– мунтазам арзёби намудани вазъи бозори мехнат, муайян намудани талаботи корфармоён ба кувваи кори тавассути гузаронидани тахкикот дар бозори мехнат;

– тахия ва амалисозии тадбирхо оид ба пешгири аз холатхои ихтисоршавии оммавии кормандон аз ташкилоту муассиса ва корхонахо;

– таъмини хамохангии амалисозии чорабинихои сиёсати давлатии мусоидат ба шугли ахоли бо чараёни амалисозии Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Чумхурии Точикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030.

  1. Солхои 2018 – 2019 афзалиятхои зерини сиёсати давлатии мусоидат ба шугли ахоли пешбини мешаванд:

– тахия ва амали намудани тадбирхо барои баланд бардоштани ракобатпазирии бозори мехнати дохили Точикистон;

– амали намудани тадбирхо чихати баланд бардоштани сахми шугли расми дар иктисодиёти Точикистон;

– тахия ва амалисозии чорахо оид ба таъмини самаранокии тахсилоти касбии калонсолон дар Точикистон;

– андешидани тадбирхо барои тахия намудани чорчубаи тахассусхои милли дар Чумхурии Точикистон;

– такмил додани системаи чамъоварии маълумоти омории сохаи тахсилоти калонсолон дар Чумхурии Точикистон;

– тадричан таъмин намудани ичрои Накшаи амалисозии Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Точикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎