Овоздиҳӣ дар интихоботи Узбекистон анҷом ёфт
Интихоботи президентӣ дар Узбекистон анҷом ёфт. Ба гуфтаи мақомот, дар он 86 фоизи интихобкунандагон овоз додааанд.
Дар маҳфилҳои Тоҷикистону Узбекистон умедворанд, раҳбари ояндаи Узбекистон Шавкат Мирзиёев саҳифаи беҳтареро дар равобити Тошканду Душанбе боз хоҳад кард.
Овоздиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбекистон ба поён расид. Кумиссиюни марказии интихобот гуфт, то соати 20 дар интихобот 17 миллиону 941 ҳазору 955 нафар, ё 87,83 фоизи мардуми соҳиби ҳаққи овоз ширкат кардаанд.
Мирзо-Улуғбек Абдусаломов, раиси Кумиссиюни интихоб гуфт, овоздиҳӣ бидуни кадом қонуншиканӣ гузашт ва интизор меравад, натиҷаҳои аввалияи маъракаро рӯзи 5 декабр, баъд аз пешин эълон кунанд.
Аммо аз қабл маълум буд, ки интихоботи президенти Узбекистон ба фоидаи сарвазир Шавкат Мирзиёев, ки баъди даргузашти Ислом Каримов иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур ҳам ҳаст, анҷом меёбад.
Рӯзи 4 декабр ба муносибати интихобот дар Тошканд, пойтахти Узбекистон метро ва автобусҳо бепул кор мекарданд. Дар қитъаҳои интихоботӣ барои онҳое, ки овоздиҳӣ меомаданд, барномаҳои консертӣ омода карда ва дар бархе қитъаҳо ҳатто дегҳои ош монда буданд.
Сомонаи узбакии "Дарё”дар рӯзи интихобот аксҳоеро аз лаҳзаҳои овоздиҳии номзади асосӣ ба мақоми президентӣ Шавкат Мирзиёев ва аҳли хонаводааш дар қитъаи интихоботии рақами 132 дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ба нашр расонд.
Дар ин аксҳо аз ҷумла Мирзиёев барои нахустин бор ҳамроҳ бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова ва фарзандону наберагонаш дар мазҳари ом зоҳир мешавад.
Интихоботи рӯзи 4 декабр нахустин интихоботи президентӣ дар Узбекистон аст, ки бе Ислом Каримов мегузарад. Каримов, ки аз соли 1989, тайи 27 сол раёсати ин сераҳолитарин ҷумҳурии Осиёи Марказиро дар панҷаҳои оҳанинаш нигоҳ дошт ва ба ягон рақиби билқувва дар муқобили худ роҳ намедод, рӯзи 2 сентябри соли 2016 дар синни 79 вафот кард.
Дар пайи даргузашти Каримов, сарвазир Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин шуд ва мақомоти Узбекистон алакай ҳафтае баъд интихоботи президентиро ба рӯзи 4 декабр муқаррар карданд.
Барои ширкат дар интихоботи президентии Узбекистон расман 4 номзад аз 4 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд:
1. Шавкат Мирзиёев, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Узбекистон, номзад аз ҳизби либерал-демократи Узбекистон.
2. Сарвар Отамуродов, номзад аз ҳизби демократии "Миллий Тиқланиш”
3. Наримон Умаров, номзад аз ҳизби сотсиал-демократи Узбекистон "Адолат”
4. Ҳотамҷон Кетмонов, номзад аз ҳизби халқиву демократии Узбекистон
Аммо низоми сиёсии Узбекистон ба гунаест, ки аҳоби сиёсии сабтиномшудааш ҳама рӯ ба ҳукуматанд ва курсиҳои парлумонро бар асоси салоҳдиди ҳукумат ва бо маслиҳат байни худ тақсим мекунанд ва дар интихоботҳои раёсатҷумҳурӣ ҳар кадом номзадеро дар муқобили номзади пазируфтаи клани ҳоким танҳо ба хотири демократӣ ва пуррақобат ҷилва додани ин маърака пешбарӣ мекунанд.
Интихоби клани ҳоким баъди даргузашти Ислом Каримов рӯи Шавкат Мирзиёев қарор гирифт ва азбаски низоми сиёсии Узбекистон ҳанӯз ҳамонест, ки дар даврони Каримов бино ёфтааст, рӯзи 4 декабр мақомоти Узбекистон пирӯзии бидуни чуну чарои ӯ бо касби аксарияти кулли овозҳоро ҳатман таъмин хоҳанд кард.
Дар интихоботи моҳи марти соли 2015-уми президенти Узбекистон низ 4 номзад сабти ном шуда буд, вале Каримов, бино ба натиҷаҳои эълоншуда, бо касби беш аз 90 дарсади овозҳо алакай дар даври якум пирӯз шуд.
Нозирони умур мегӯянд, ин ки рӯзи 4 декабр Шавкат Мирзиёев баранда мешавад, ягон ҷои шакку шубҳа надорад. Танҳо суоли интихоботи имсола, ба гуфтаи онҳо, ин аст, ки мақомоти интихоботӣ ба Шавкат Мирзиёев чанд фоиз хоҳанд дод?
Шавкаи Мирзиёев, ки ҳоло 59 сол дорад, 24 июли соли 1957, бино ба бархе манобеъ, дар деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончии Тоҷикистон ва бино ба манобеи дигар, дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба дунё омадааст. Дар ҳар сурат, решаи аҷдоди ӯ аз вилояти Суғди Тоҷикистон аст.
Мирзиёев соли 1981 Донишкадаи обёрӣ ва хоҷагии оби Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Парвози ӯ ба қуллаҳои қудрат асосан дар даврони раҳбарии Ислом Каримов сурат гирифт. Мирзиёев солҳои 1992-1996 ҳокими ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд, солҳои 1996-1999 ҳокими вилояти Ҷиззах ва аз 2001 то 2003 ҳокими вилояти Самарқанд буд. Маҳз дар давраи раҳбарӣ бар зодгоҳи Ислом Каримов, ӯ ба клани Самарқанд наздик шуд ва 12 декабри соли 2003 ба мақоми сарвазири Узбекистон расид.
Коршиносони масоили Узбекистон Шавкат Мирзиёевро бештар як раҳбари технократ ва нисбат ба мардуми оддӣ дилҷӯ тасвир мекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки Мирзиёев битавонад ба кадом ислоҳоти фарогир, бахусус даро масоили сиёсӣ иқдом кунад. Ба назари аксари таҳлилгарон, чизҳои умдае ки метавон аз аҳди Шавкат Мирзиёев мунтазир шуд, бештар бархе сабукиҳо дар масоили иҷтимоӣ, беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистон аст.
Дар арафаи интихобот мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ба протоколе имзо карданд, ки бар асоси он, бояд парвози ҳавопаймоҳо байни Тошканду Душанбе аз моҳи январи соли 2017 оғоз шуда, ҳафтае ду маротиба байни ин ду пойтахт парвозҳо анҷом шаванд. Парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз соли 1992 қатъ шуд ва дар тамоми тӯли раёсати Ислом Каримов Душанбе натавонист ҷониби Узбекистонро ба шурӯи дубораи парвозҳо байни ду кишвари ҳамсоя ва ҳамин тавр, ба азсаргирии ҳаракати автобусҳо байни онҳо моил кунад.
Дар муддати ҳамагӣ ду моҳи он ҳам раҳбарии муваққати Мирзиёев ҳал шудани ин масъалаи думи уштураш ба замин расида маҳфилҳоро дар ҳарду тарафи марз бештар умедвор кардааст, ки дар аҳди Шавкат Мирзиёев равобити Узбекистону Тоҷикистон саҳифаи нав ва ҳатман дар муқоиса бо даврони Каримов хеле хушрангтаре боз хоҳад шуд.