Рӯзноманигори таҳқиқотгар дар Словакия кушта шуд
Пулиси Словакия гуфт, ки журналисти таҳқиқотгар Ян Кучак якҷо бо дӯстдухтараш дар маҳали зисташ ҳадафи тир қарор гирифт. Сардори пулис Тибор Гаспар гуфт, ки ҷасади Кучаки 27-сола ва дӯстдухтари ӯ шоми 25 феврал дар хонаи онҳо, воқеъ дар шаҳри Велка-Мака, 65 километрии шарқи Братислава ошкор шуд.
Гаспар ҳамчунин гуфт, ки "эҳтимол куштор ба фаъолияти таҳқиқотгарии журналист рабт дорад". "Словакия ҳеҷ гоҳ чунин ҳамлаи бенамуна ба журналистро таҷруба накарда буд",- гуфт Гаспар. Ян Кучак дар сомонаи Aktuality.sk кор мекард.
Матлаби охирини ӯ барои ин сомонаи хабарӣ, рӯзи 9 феврал, дар бораи қаллобиҳои марбут ба молиёт ва маҷмаи хонаҳои муҷаллал дар Братислава нақл мекард. Дар атрофи ин маҷмаа сарду садо зиёд буд ва он соли гузашта мунҷар ба тазоҳуроти мардум шуда буд. Эътирозгарон бинобар коршарикиаш бо ширкати сохтмонӣ, истеъфои вазири умури дохилӣ Роберт Калинакро талаб карданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонедЭътирози занони Кобул ба қарори пӯшидани бурқа
Даҳҳо зан дар Кобул алайҳи қарори нави Толибон эътироз карданд. Ин гуруҳи тундрав пӯшидани ҳатмии бурқа ва аз сар то пой пӯшонидани бадан ва рӯи занонро тақозо мекунад.
Рӯзи 10-уми май, бо вуҷуди таҳдидҳову талошҳои гирифтани пеши роҳи занони эътирозгар, бонувони норозӣ ба ин қарор раҳпаймоӣ карданд.
Як ҷунбиши бонувон дар Афғонистон гуфт, “мо бо рафтори хашини Толибон рӯбарӯ шудем. Хеле тарснок буд. Онҳо ҳатто таҳдид карданд, ки агар мо як қадам пеш гузорем, 30 бор тир мекушоянд”.
Қарори нави Толибон рӯзи 7-уми майи имсол баромад ва он талаб мекунад, занҳову духтарон ҳангоми берун рафтан ҳатман бояд сару рӯ, ба истиснои чашмонашонро бипӯшонанд.
Дар Афғонистон пӯшидани рӯсарӣ як одати маъмулӣ аст, вале дар бисёр минтақаҳои шаҳри Кобул занҳо аз пӯшидани рӯяшон парҳез мекунанд.
Толибон таҳдид карданд, ки дар сурати итоат накардан ба ин талабот мардони хонаводаро ҷазо медиҳанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Духтари Арон Атобек мехоҳад, падарашро бегуноҳ эълон кунанд
Алма Нутушева, духтари калонии Арон Атобек, шоири дигарандеши Қазоқистон, ки баъди раҳоӣ аз зиндон дар бемористон фавтид, бо роҳандозии иқдоме аз мақомоти Қазоқистон талаб дорад, ки падари ӯ "сафед" карда шавад.
Нутушева навиштааст, падари ӯро бидуни ҳеч гуна далеле ба ташкили бетартибиҳои соли 2006 дар деҳаи Шанираки Алмато гунаҳкор эълон ва 15 сол зиндонӣ карда буданд.
"Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ҳатто баъди марги Атобек ба ман, ки духтараш ҳастам, монеа эҷод мекунанд, то воқеиятро фаҳамам. Дар посухи расмӣ гуфта шуд, ки сабаби марг норасоии шадиди шуш аст. Баъд аз изҳороти ман шуъбаи пулис ва додситонии ноҳияи Ауэзов тасмим гирифтаанд, ки далелҳоро нобуд созанд ва бо ин ҳуқуқи маро ҳамчун шахси ҷабрдида поймол намуда, гузаронидани ташхиси мустақилро ғайриимкон гардониданд," -- гуфта шудааст дар зери иқдоми онлайние, ки зери он аллакай наздики ҳазор корбар имзо гузоштаанд.
Додситонии Ауэзов парвандаи марги Отабекро 24-уми март қатъ карда, сабаби марги дигарандеши қазоқро коронавирус номид. Духтари Отабек ба ин гуфтаҳо розӣ нест ва мегӯяд, дар бадани падараш ашёи бегонаеро мушоҳида карда буд.
Шоир ва мухолифи қазоқ, Арон Эдигеев, машҳур бо тахаллуси адабии Арон Атобек, дар 68-солагӣ дар Алмато даргузашт.
Атобек бо гуноҳи ташкили бетартибиҳои оммавӣ 15 соли умри худро дар зиндон гузаронд, вале ҳеч гоҳ ин иттиҳомро напазируфтааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар вайро зиндонии сиёсӣ меномиданд.
Якуми октябри имсол ӯ аз маҳбас озод шуда буд. Атобек гуфта буд, дар натиҷаи шиканҷа, латукӯб ва шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндон саломатияшро аз даст додааст.
- Навтаринҳо
- Пешина
Президенти ИМА қонуни фиристодани аслиҳаро ба Украина имзо кард
Президенти Амрико Ҷо Байден қонуни интиқоли техникаҳои низомӣ ба Украинаро бар асоси "ленд-лиз", то анҷоми амалиёти низомӣ имзо кард.
Ин санад, ки аз он "Қонун дар бораи ленд-лиз барои дастгирии демократия дар Украина" ном бурда мешавад, имкон медиҳад, то раванди ирсоли кумакҳои низомӣ, аз ҷумла аслиҳа ба Украина тезонида шавад.
Қонуни мазкур барои баррасӣ дар Конгресс ҳанӯз дар моҳи январи соли равон, пеш аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина пешниҳод шуда буд.
Президенти Украина Владимир Зеленский барои имзои ин қонун ба ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден миннатдорӣ баён карда, онро "гоми таърихӣ" номид.
Дар лоиҳаи қонун омадааст, президенти Амрико "метавонад ҳукуматро вазифадор кунад, то ба Украина ва кишварҳои дигари Аврупои Шарқӣ, ки аз таҷовузкориҳои Русия осеб дидаанд, лавозимоти дифоиро қарз ё ба иҷора диҳад.
ИМА аз оғози ҷанг дар Украина ҷамъан ба маблағи 2,4 миллиард доллар ба Киев кумаки низомӣ кардааст. Байден 28-уми апрел аз Конгресс хост, боз 33 миллиард доллари дигар ҷудо намояд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Шикояти низомиёни қирғиз, ки дар "посдории сулҳ" дар Қазоқистон иштирок доштанд
Низомиёни Қирғизистон, ки дар маъмурияти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамӣ (СПАД) барои "пос доштани сулҳ" дар Қазоқистон иштирок карда буданд, аз раисҷумҳури кишвари худ дархости кумак кардаанд.
Онҳо гуфтаанд, барои иштирок дар маъмурияти мазкур ҳанӯз ҳам ҳеч маблағе дарёфт накарданд.
"Мо ҳанӯз наметавонем маблағи сафари хидматиеро дарёфт кунем, ки барои анҷоми вазифаҳои ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Мегӯянд, дар Вазорати молия ин масъала ҳоло ҳам ҳал нашудааст. Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш мекунем, дар ҳалли он мусоидат намоед", - омадааст дар муроҷиати низомиён.
Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев дар шарҳи муроҷиати низомиён гуфт, "рӯзҳои наздик ба онҳо маблағи пешбинишуда пардохт хоҳад шуд".
Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев аз СПАД мадади низомӣ хост ва нерӯҳои ин созмон дар ором кардани вазъи Қазоқистон ёрӣ расониданд. Ҷомеаи Қазоқистон ин дархости Тоқаевро танқид кард.
Фиристодани нерӯҳо аз кишварҳои СПАД дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон норозигиҳоро ба миён овард. Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон 6-уми январ дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба Қазоқистон нерӯ фиристода нашавад.
Девони вазирони Қирғизистон аз сокинон даъват кард, ки қарори фиристодани нерӯ ба Қазоқистонро "дуруст ва бо ҳисси масъулият" қабул кунанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Бонки Миллӣ қурби 1000 рубли русиро 166 сомонӣ таъин кард
Рӯзи 10-уми май дар Бонки Миллии Тоҷикистон қурби ҳазор рубли русӣ 166 сомонӣ муқаррар шуд. Дар бонкҳои тиҷоратӣ 1000 рубли русиро ба тахминан 162 сомонӣ мехариданд. Бонки Миллӣ қурби расмии 1 доллари амрикоиро 12 сомониву 49 дирам муқаррар кардааст, вале дар бонкҳои тиҷоратӣ барои як доллар то 12 сомонӣ медоданд. Қурби расмии 100 евро – пули миллии Аврупо 1322 сомонӣ муқаррар шуда, вале дар бонкҳои тиҷоратӣ 1280-1300 сомонӣ медоданд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Кумита гуфт, хатари омадани сел дар Тоҷикистон “зиёд аст”. ВИДЕО
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки хатари омадани сел дар кишвар дар рӯзҳои оянда "зиёд аст".
Ҳавои Душанбе аз 10-уми май боронист ва гоҳ-гоҳ садои раъду барқ шунида мешавад. Бештари минтақаҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз айни вазъро доранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри хабарномае гуфт, то 16-уми май вазъи ҳаво дар кишвар номусоид мемонад.
Тибқи пешбинии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "сатҳи об дар рӯдхонаҳо якбора боло шуда, метавонад, боиси омадани селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч ва резиши санг шавад."
Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон шоҳиди селу обхезӣ шуд. Ба иттилои мақомот, сокини 53-солаи деҳаи Заркони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари раъду барқ ба ҳалокат расидааст. Ӯ дар машғули чарондани чорво будааст.
Ҳамчунин бар асари омадани сел як пул дар ноҳияи Панҷ хароб шуда, як қисмати роҳи байни ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун вайрон шуд. Сел ба даҳҳо манзил осеб расонд. Баъзе аз зарардидагон шикоят карданд, ки мақомот ба онҳо мадад накардаанд.
Ҳавошиносони тоҷик гуфтанд, "эҳтиёт кунед"- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
- Навтаринҳо
- Пешина
Русия шаҳри Одессаро мушакборон кард
Дар ҳоле ки ҷанги шадид дар шарқи Украина идома дорад, Русия ҳамлаҳои мушакиро ба шаҳри бандарии Одесcа дар соҳили Баҳри Сиёҳ анҷом додааст.
Нерӯҳои Русия ҳамчунин ҳамлаҳояшонро ба корхонаи пӯлоди "Азовстал" дар шаҳри муҳим ва стратегии Мариупол афзоиш додааст. Охирин мудофеони украинӣ дар корхонаи "Азовстал" ҳамчунон истодагарӣ мекунанд.
Субҳи рӯзи сешанбе аз ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия дар шуморе аз минтақаҳои Луганск, Харков ва Днепропетровск дар шарқи Украина низ гузориш шудааст.
Олег Сунегубов, раиси минтақаи Харков, рӯзи 10-уми май гуфт, ҷасади 44 ғайринизомиро аз зери овори як бино дар шаҳри Изюм, ки дар моҳи март аз сӯи нерӯҳои Русия тахриб шуда буд, пайдо карданд.
Сунехубов афзуд, бинои панҷтабақа бо сокинони дохилаш фурӯ рехтааст. Шаҳри Изюм яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар шарқи Украина ба шумор меравад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Сафорати Амрико Русияро бо Олмони пеш аз соли 1945 монанд кард
Дар паёми табрикии сафорати Амрико дар Узбекистон бахшида ба рӯзи 9-уми май амалиёти низомии Русия дар Украина ба Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ташбеҳ карда шудааст.
"Мо имрӯз 9-уми майро ҳамчун рӯзи ғалабаи сулҳу озодӣ таҷлил мекунем, вале мутаассифона, ҳоло ҳам шоҳиди амали даҳшатоваре низ ҳастем, ки монанд ба ҳаводиси пеш аз соли 1945 аст: як давлат талош дорад, ки як ҳамсояи худро тобеъ карда, қаламрави онро бо зӯрӣ ишғол кунад", - омадааст дар паёми сафорати Иёлоти Муттаҳида.
Ба иттилои сафорат, беш аз 530 ҳазор шаҳрванди Узбекистон якҷоя бо шаҳрвандони Амрико, Бритониё ва кишварҳои дигари ҳампаймон дар ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум саҳми назаррас гузоштаанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Дар Тошканд риши чанд мардро "маҷбурӣ" тарошиданд
Чанд мардро дар шаҳри Тошканди Узбекистон ба шуъбаи пулис бурда, маҷбурӣ ришашонро тарошидаанд. Яке аз ин мардҳо гуфт, маъмурони пулис онҳоро таҳдид карданд, ки агар ришашонро худи ҳозир натарошанд, 15 шабонарӯз ҳабс хоҳанд шуд.
Хабари ҷараён доштани "амалиёти зидди риш"дар ноҳияҳои Учтепа ва Чилонзори шаҳри Тошканд ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Блогери узбек Абдураҳмон Абдураҳмонов, ки бо номи "Абдураҳмони Муфид" маъруф аст, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Instagram акси худро бе риш нашр кард. "Хоҳиш мекунам, аз ман напурсед, ки чаро ришамро тарошидаам ва оё бо мушкиле рӯбарӯ шудаам. Шояд барои ман посух гуфтан ба ин суоли шумо мушкил бошад", - афзудааст ӯ.
Корбари шабакаи иҷтимоии "Facebook" Муҳаммадюсуф ибни Қобил ҳам шаби 6-уми май акси бериш ва бо риши худро нашр карда, гуфтааст, ин аксҳо дар фосилаи панҷ соат гирифта шудаанд ва ришашро баъди баромадан аз шуъбаи пулис тарошидааст.
Бори аввал нест, ки дар Узбекистон риши мардонро иҷборан метарошанд. Ду сол пеш дар бозори "Малика"-и Тошканд низ риши чанд тоҷирро маҷбурӣ тарошида буданд.
Ду сол пеш Шуҳрат Ғаниев, раиси вилояти Фарғона, ба хотири риш доштан ба як деҳқони маҳаллӣ қарз надод. Соли 2016 мухлисони футбол бо риш ба варзишгоҳи шаҳри Бухоро роҳ дода нашуданд ва полис ба онҳо дастур дод, ки пеш аз ҳузур дар бозӣ ришҳояшонро тарошанд.
Департаменти давлатии Амрико дар гузориши худ, ки моҳи июни соли гузашта нашр шуд, гуфт, Узбекистон маҳдуд кардани озодии эътиқодро бо роҳи маҷбур тарошидани риши мусалмонон ва манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ва идораҳо идома медиҳад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Сафири Амрико гуфт, чархболҳоро ба Толибон намедиҳанд
Сафири Амрико дар Душанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон сарнавишти чархболҳоеро баррасӣ доранд, ки моҳи августи соли гузашта аз хоки Афғонистон ба кишвар омадаанд.
Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10-уми май дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, кишвараш ният надорад, онҳоро ба Толибон бисупорад. "Ин чархболҳо ба Толибон дода намешаванд, чун ба онҳо тааллуқ надоранд," – илова кард сафир.
Поммершайм ҷузъиёти гуфтугӯи Вашингтону Душанберо дар масъалаи чархболҳо ошкор накард.
Толибон иддао доранд, ки пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон даҳҳо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистону Узбекистон рафтаанд ва бояд баргардонда шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон омадани низомиёну халабонҳои афғонро тасдиқ карда, аммо дар бораи миқдори чархболу ҳавопаймоҳои монда иттилои пурра надодаанд.
Беш аз 140 халабон ё пилотҳои афғонистониро моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Задухӯрд дар гӯшаҳои Украина идома дорад. ВИДЕО
Задухӯрдҳои вазнин дар қисмати шарқии Украина идома дорад. Шаби гузашта Русия шаҳри бандарии Одессаро мушакборон карда, ҳамла ба “Азовстал”, корхонаи тавлиди пӯлоди шаҳри Мариуполро тавсеа бахшид.
Тибқи гузоришҳои расида, аксар афроди мулкӣ аз паноҳгоҳҳои “Азовстал” берун шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам камаш 100 шахси мулкӣ дар таҳхонаҳои “Азовстал” мондаанд.
То кунун Русия ба шикасти тахминан 2000 сарбози украинӣ, ки дар “Азовстал” сангар гирифтаанд, муваффақ нашудааст.
Ишғоли Мариупол Украинаро аз бандари стратегӣ маҳрум карда, барои Русия роҳи заминии рафтуомад бо Қримро, ки соли 2014-ум ғайриқонунӣ тасарруф намудааст, таъмин мекунад.
Идомаи задухӯрдҳои вазнин дар шарқи Украина- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Субҳи 10-уми май ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба вилоятҳои шарқии Луҳанск, Харков ва Днепр ҷой дошт.
Вазорати мудофиаи Бритониё мегӯяд, қазовати ғалати Русия дар мавриди Украина боиси нокомӣ дар ҷабҳа шуд. Ба қавли масъулони вазорат, Путин натавонист рӯзи 9-уми май, дар ҷашни Ғалаба, дар бораи дастовардҳои артиши кишвараш дар Украина ҳисобот диҳад.
Вазири мудофиаи Бритониё Бен Волас иброз дошт, ки тамоми афсарони ҳирфаӣ бояд аз амалкарди артиши Русия нороҳат бошанд, зеро ин нерӯ дар таҷовуз ба кишвари соҳибистиқлол ва ҷиноятҳои ҳарбӣ даст дорад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Ба рӯзноманигорони Украина ҷоизаи "Пулитcер" доданд
Рӯзноманигорони Украина барандаи ҷоизаи Пулитсер-2022 дар бахши "Ёдоварии махсус" шуданд.
Кумитаи тадорукоти ҷоиза дар изҳороти худ ба рӯзноманигорони Украина барои садоқат ба касбашон сарфи назар аз ҳодисаҳои ҷорӣ изҳори сипос кардааст.
"Рӯзноманигорони Украина сарфи назар аз оташкушоиҳо, одамрабоӣ ва марги ҳамкасбонашон расонидани хабари дақиқу воқеиро аз ҷараёни задухӯрдҳо идома медиҳанд," -- омадааст дар изҳороти кумита.
Ҷоизаи Пулитсер, ки бо вуҷуди ҳамагӣ 10 ҳазор доллар будани маблағаш аз муътабартарин ҷоизаҳои журналистӣ шинохта шудааст, тибқи васияти сармоядор ва ношири маҷоритабори амрикоӣ Ҷозеф Пулитсер таъсис ёфта, аз соли 1917 барои беҳтарин корҳои журналистӣ тақдим мешавад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Теъдоди захмиҳо ва қурбониёни ҷанги Украина аз 7000 гузашт
Созмони Милали Муттаҳид гуфт, аз замони ҷанги беасоси Русия дар Украина ҳафт ҳазор мардуми одӣ (ғайринизомӣ) куштаву захмӣ шудаанд.
Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон дар изҳороте гуфт, ба ҳисоби тасдиқшуда, то рӯзи 9-уми май 3381 нафар, аз ҷумла 235 кӯдак, кушта шуда, 3680 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Аксар қурбониён аз силоҳҳои тарканда, хумпора, мушаку ҳамлаҳои дигари ҳавоӣ осеб дидаанд.
Комиссариати олии СММ мегӯяд, омори воқеии талафот дар миёни сокинони одии Украина метавонад ба маротиб бештар бошад. Иттилоъ дар бораи қурбониёну маҷрӯҳон дар минтақаҳои ҷангӣ бо таъхир мерасад ва гузоришҳои зиёде бояд санҷида шаванд.
Ба иттилои Созмони Милал, ҳанӯз омори воқеии талафот дар Мариупол, Изюм ва Попасна пурра нест.
- Навтаринҳо
- Пешина
Ҷинояткорони амрикоиро дар ТВ-и русӣ "собиқадорони ҷанг" муаррифӣ карданд
Дар як барномаи идонаи консертӣ ба муносибати Иди Ғалаба, ки рӯзи 9-уми май дар шабакаи аввали телевизиони Русия ("Первый канал") намоиш дода шуд, акси ду қотил ва ғоратгари ашаддии солҳои 1930-юми Амрико ҳамчун собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон намоиш дода шуд.
Аксҳои Бонни Паркер ва Клайд Бэрроу дар нигористони рӯи пардаи калони синамо ҳангоми сурудхонии Зара ба намоиш даромад.
Лаҳзаҳое, ки овозхон таронаи "Агар ҷанг набуд…"-ро иҷро мекард, акси Бонни ва Клайд, ки исмашон дар таърих чун ҷинояткорҳои ашаддии Амрико сабт шудааст, ба ҳайси ҷуфте намоиш дода шуд, ки гуё онҳоро Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҳам ҷудо кардааст.
Дар асл ин акси Бонни ва Клайд, ки дар интернет ҳам мечархад, соли 1933, як сол пеш аз кушта шуданашон дар Амрико бардошта шудааст.
- Навтаринҳо
- Пешина
Дипломатҳо қирғизистониҳои зиндониро дар Тоҷикистон диданд
Кормандони сафорати Қирғизистон дар Душанбе рӯзҳои 6 ва 7-уми май бо шаҳрвандони кишварашон, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, мулоқот кардаанд.
Ба огаҳии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дипломатҳо бо чаҳор шаҳрванди ин кишвар, ки дар маҳбасҳои шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе ва ноҳияи Ёвон нигаҳдорӣ мешаванд, мулоқот ва суҳбат кардаанд.
Ҳамчунин маҳбусони қирғиз дар ҷараёни ин мулоқот тавонистаанд, ки бо наздикону пайвандони худ видеоӣ суҳбат кунанд.
Расонаҳо моҳи феврали соли равон хабар доданд, ки соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки “соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, аз рӯйи 27 парванда бо моддаи 335, муҷрим шинохта шуданд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд."
Қирғизистон пас аз муноқишаи моҳи апрели соли гузашта марзҳояшро комилан ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро бо ҷурмҳои гуногун боздошту зиндонӣ кардаанд.
Мухолифони ҷанг ба чеҳраи сафири Русия ранги сурх пошиданд
Гурӯҳе аз мухолифони ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар Варшава -- пойтахти Лаҳистон (Полша) -- ба сафири Русия ранги сурх пошиданд ва аз ҳузури ӯ дар гӯристони сарбозони Артиши Сурх барои адои эҳтиром ба қурбониёни ҷанг пешгирӣ карданд.
Сергей Андреев, сафири Русия дар Лаҳистон, ҳангоми даромадан ба оромгоҳи сарбозони Артиши Сурх дар шаҳри Варшава бо эътирози чандсад нафар аз эътирозгарони ҷанги Украина рӯбарӯ шуд. Ҷамъомадагон дар оғоз гулчанбареро, ки Андреев дар даст дошт, аз ӯ гирифтанду онро ба замин заданд.
Теъдоди дигаре аз эътирозгарон ба ӯ ранги сурх пошиданд ва билохира яке аз онҳо, ки дар паҳлӯи ӯ истода буд, миқдоре ранг ба чеҳраи ӯ пошид.
Эътирозгарон, ки парчамҳои Украинаро дар даст доштанд, хитоб ба ӯ гуфтанд, "фашистҳо, одамкушҳо". Баъзе аз эътирозгарон ҳам либоси сафед ба тан доштанд, ки рӯи он доғ ё лаккаҳои сурх дошт, ки намоде буд аз қурбониёни украинӣ дар ҷанги Русия.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, "мо аз ин иқдомҳо наметарсем. Мардуми Аврупо бояд аз дидани чеҳраи худ дар оина битарсанд". Мария Захарова афзуд, "тарафдорони неофашистҳо бори дигар чеҳраи воқеии худро нишон доданд".
Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон ин ҳодисаро "бисёр таассуфовар" хонд ва гуфт, "дипломатҳо аз ҳимояти хос бархӯрдоранд".
Бархе таҳлилгарони рус арзёбӣ кардаанд, ки ин амал эҳтимолан боиси фаро хондани сафири Русия аз Варшава ва ихроҷи сафири Лаҳистон аз Маскав хоҳад шуд.
Лаҳистон яке аз мунтақидони сарсахти ҳамлаи Русия ба Украина мебошад. Ба асари ин ҳамла беш аз 3,2 миллион нафар аз Украина ба Лаҳистон паноҳанда шудаанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди UEFA дуюм шуд
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди UEFA (Созмони футболи Аврупо) дар шаҳри Скопеи Македонияи Шимолӣ ҷои дуюмро азони худ кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқа се бозӣ анҷом доданд. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бар дастаи Ҳондурас (U-16) бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, дар ду бозии дигар аз тимҳои Македонияи Шимолӣ (U-16, замони асосӣ – 3:3, аз рӯи пеналти – 4:5) ва Косово (U-16, замони асосӣ – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:4) шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа мунтахаби Косово (U-16) бо касби шаш имтиёз ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16), ки панҷ имтиёз гирифт, мақоми дуюмро ишғол кард. Дастаи мизбон – Македонияи Шимолӣ (U-16) – бо касби чаҳор имтиёз ҷои сеюмро соҳиб гардид.
Ҳамакнун мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) миёни наврасони то 16-сола, ки аз 13-ум то 20-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳад кард.
Футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо дастаҳои Қирғизистон (14-уми май), Афғонистон (16-уми май), Узбекистон (18-уми май) ва Эрон (20-уми май) рақобат мекунад.
Мусобиқаи байналмилалии рушди UEFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)
Даври 1-ум
Македонияи Шимолӣ – Тоҷикистон – 3:3. Аз рӯи пеналти – 5:4
Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.
Косово – Ҳондурас – 2:0
Даври 2-юм
Ҳондурас – Тоҷикистон – 1:3
Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.
Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналти – 4:3
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Косово – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:4
Македонияи Шимолӣ – Ҳондурас – 0:1
"Одам"-и Пекин роҳбари Ҳонконг шуд
Рӯзи якшанбеи 8 май Ҷон Лӣ - сардори хадамоти амнияти Ҳонконг роҳбари ин минтақаи худмухтор шуд. Вай ягона номзад ба мақоми роҳбарӣ буд ва бештар аз 99% раъй гирифт. "Ин нишондиҳандаи он аст, ки мақомот истибдодро нисбати Ҳонконг бештар мекунанд. Акнун сиёсати идории шаҳр амниятӣ мешавад", - чунин шарҳ дод натиҷаҳои раъйдиҳиро ҳомии ҳуқуқ ва вакили пешини Ҳонконг Натан Лоу.
Дар Ҳонконг Ҷон Лӣ парокандасозии эътирозҳои зиддиҳукуматиро роҳбарӣ мекард ва ҷонибдори қонун дар бораи сиёсати амниятии Пекин буд. Ин қонун автономӣ ё мухтор будани Ҳонконгро маҳдуд месозад.
Ҷон Лӣ бештар аз 30 сол роҳбари пулис буд. Соли 2019 дар мақоми вазири амнияти Ҳонконг вай ба таври фаъолона қонуни истирдодро таблиғ мекард. Ин қонун иҷоза медод, ки боздоштшудаҳои ҳонконгӣ ба Чин истирдод шаванд. Сокинони маҳаллӣ ба ин хулоса расида буданд, ки бо истирдод кардани ҳонконгиҳо Пекин ба мухторияти Ҳонконг даст дароз мекунад. Дар шаҳр эътирозҳои оммавӣ шуруъ шуданд, ки барои хомӯш кардани онҳо Ҷон Лӣ роҳбар таъйин шуда буд. Пулис аз калтакҳои резинӣ ва гази ашковар истифода бурд. Дар натиҷаи эътирозҳо бештар аз 10 ҳазор кас боздошт шуд, ки 40 дарсадашон донишҷӯ ва мактабхон буданд. Сарфи назар аз рафтори пулис, Ҷон Лӣ "афсарони шуҷоъ"-и худро тамҷид мекард ва эътирозгаронро "тундгаро" меномид.
Моҳи июни соли 2020 Пекин нисбати Ҳонконг қонун дар бораи амнияти миллиро ҷорӣ кард, ки иҷрои он бар дӯши Ҷон Лӣ гузошта шуд. Қонун, ки ҷудоиталабӣ, терроризм ва тавтиа бо неруҳои хориҷиро манъ мекунад, аз сӯи мақомот барои таъқиби сиёсатмадорони мухолиф, фаъолон ва рӯзноманигорон истифода мешавад. Бисёре аз сиёсатмадорону фаъолон ва рӯзноманигорон маҷбур шуданд, Ҳонконгро тарк кунанд.
Ҳонконг - як ноҳияи махсуси Чин ва маркази молӣ аст. Дар ин ҷазира 7,5 миллион одам зиндагӣ мекунад. Соли 1997 Бритониё ҷазираро ба ихтиёри Чин супурд ва шарт гузошт, ки Ҳонконг то соли 2047 мухтор хоҳад буд.
Акнун Чин мехоҳад, мухторияти Ҳонконгро бекор кунад.
Суҳбати телефонии президентҳои Қазоқистону Узбекистон
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
"Ду президент ҳамдигарро бо Рӯзи ғалаба табрик ва ба мардуми ҳамдигар рушду шукуфоӣ таманно карданд. Қосимҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд", - хабар доданд аз дастгоҳи президенти Қазоқистон.
Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин масоили ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти тобистонаи президентҳои кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Дар Қирғизистон 18 мактаби ронандагиро бастанд
Дар Қирғизистон дар як моҳи охир фаъолияти 142 мактаби ронандагиро санҷида, дари 18-тои онро бастанд. Дар ин бора аз вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар доданд.
Ба илова, 47 мактаби дигари ронандагӣ ҷарима шудааст. Аз маҷмуи мактабҳои ронандагӣ дар Қирғизистон ҳамагӣ 13 мактаб ба ҳамаи талабот посухгӯ будааст.
Ба иттилои расмӣ, дар Қирғизистон ба 272 мактаби ронандагӣ иҷозаи фаъолият дода шудааст. Пештар вазорати маориф ва илми он кишвар фаъолияти мактабҳои ронандагиро назорат мекард ва акнун назорати мактабҳои ронандагӣ ба ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ гузаштааст.
Дар Тошканд ёвари додситон ҳангоми гирифтани "ришваи калон" дастгир шуд
Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ёвари додситони ноҳияи Учтепаи шаҳри Тошканди Узбекистон А.К. ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 50 ҳазор доллар дастгир шудааст.
Дар хадамоти матбуотии Додситони кулли Узбекистон ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Сухангӯи додситонӣ Ҳаёт Шамсуддинов танҳо гуфт, "дар ин бора хабар надорад".
Аммо як манбаъ дар ин ниҳод ба шарти фош нашудани ном боздошти ёвари додситонро тасдиқ кард. Ба гуфтаи манбаъ, ёвари додситонро маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дастгир кардаанд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, маъмурони амниятӣ баъди дастгир шудани ёвари додситон муовини додситони Учтепа Иқбол Султоновро барои бозпурсӣ бо худ бурданд, вале баъди дахолати "боло" ӯро озод карданд.
Манобеъ мегӯянд, додситони Учтепа Алишер Қараев хеши наздики раиси дастгоҳи президенти Узбекистон Зайналобиддин Низомиддинов аст.
Як зани тоҷик ба "фурӯхтан"-и занон дар Туркия муттаҳам шудааст
Додситонии кулли Тоҷикистон ба зидди як зан бо гумони одамрабоӣ парванда кушодааст.
Мақомот сокини 28-солаи шаҳри Турсунзодаро ба он муттаҳам карданд, ки баъзе аз занони тоҷикро бо баҳонаи кор ба Туркия бурда, “ба танфурӯшӣ маҷбур намуд”.
Гумонбарро маъмурони милиса ду моҳ пеш дастгир кардаанд. Назари наздикону вакили мудофеи ӯ дар пайванд ба қазия маълум нест.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфт, “Г.Г. давоми чаҳор моҳ чанд занро бо баҳонаи кори хубу сердаромад ба шаҳри Яловаи Туркия бурда, ба мардони миллаташон гуногун савдо кардааст.”
Як мусоҳиби мо дар вазорат рӯзи 9-уми май гуфт, “зан ва шарики туркаш Юсуф, машҳур ба тахаллуси Ота, занони ҷавонро ба фоҳишагӣ маҷбур намуда, аз ҳар кадоме онҳо то 6-ҳазордолларӣ фоида гирифтаанд”.
Туркия пас аз Русияву Қазоқистон кишвари нисбатан дастрас барои кору зиндагӣ ва тиҷорати шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, то даҳ ҳазор тоҷикистонӣ дар онҷо кору иқомат мекунанд. Онҳо ҳақ доранд, бе виза ба Туркия раванд.
Баъзе аз онҳое, ки қурбонии одамрабоён ва мавриди истисмори шаҳвонӣ дар кишварҳои хориҷ қарор гирифтаанд, мегӯянд, маҳз пешниҳоди кори хубу сердаромад онҳоро ба ин роҳ бурдааст. Як зани 33-солаи тоҷик бо номи У.С. мегӯяд, ду сол пеш маҳз дар ҷустуҷӯи кори хуб дар Туркия қурбонии истисмори шаҳвонӣ шуда буд.
“Як зани миёнсол гоҳ-гоҳе ба назди мо меомад ва аз хадамоти кошонаи ҳусне, ки онҷо кор мекардам, истифода мебурд. Мегуфт, тоҷир асту аз Дубай ва Туркия мол меорад. Ман бо як кӯдак аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаи падару модар мезистам. Пешниҳод кард, ки барои овардани бор аз Туркия мадад кунам. Ман розӣ шудам ва маро бурд.”
Ба нақли У.С. вақте ба Истанбул расиданд, шиносномаи ӯро бо баҳонаи харидани симкорт гирифта, баъдан ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст. “Се моҳ чунин ҳол доштам ва дар назарам мисли се сол гузашт. Сипас бо як духтари узбек фирор кардему бо ёрии як тоҷири тоҷик ва намояндаҳои сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба ватан баргаштам.”
Бино ба омори расмӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон даҳ парвандаи қочоқи одамонро баррасӣ кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Амрико соли 2021 гуфт, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди ақалли байнулмилалӣ мутобиқ нест.